Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон афсари қирғизро 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард


Додгоҳи ноҳияи Кордайи Қазоқистон подполковники Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Усен Арстанбековро 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Ин хабарро намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Айимкан Кулукеева ҳам тасдиқ кард. Ба гуфтаи Кулукеева, ҷониби Қазоқистон дар ин бобат шифоҳӣ онҳоро огоҳ намудааст.

Арстанбеков 15 октябр дар гузаргоҳои марзии "Оқ-Жол"-и Қирғизистону Қазоқистон боздошт шуд. Ба иттилои пешакӣ, марзбонони қазоқ аз подполковники қирғиз маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Афсари қирғиз барои иштирок дар размоиши муштараки кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ -- "Бародарии шикастнопазир-2017" ба хориҷа сафар мекард. Ситоди кулли Қирғизистон тафтишоти хидматии дохилии ин қазияро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG