Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд соли оянда Форуми осиёии ҳуқуқи инсон баргузор мешавад


Форуми осиёии ҳуқуқи инсон моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад. Дар ин бора сафири Узбакистон дар Русия Баҳром Ашрафхонов рӯзи 14 декабр иттилоъ дод.

Конфронси мазкур ба 70-солагии қабули қатъномаи ҳуқуқи инсони СММ бахшида мешавад.

Созмони Human Rights Watch ахиран озодшавии 16 фаъоли сиёсиро аз зиндонҳои Узбакистон - саҳифаи нави ин кишвар дар бахши ҳуқуқи инсон унвон кард.

Ба ҷуз ин дар Узбакистон сар аз 12 декабр Конвенсияи Созмони байналхалқии меҳнат № 87 дар бораи озодии иттиҳодияҳо ва ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ дар иттифоқҳои касаба ба иҷро даромад.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG