Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА далели силоҳ додани Эрон ба ҳусиҳои Яманро пешкаш кард


Амрико дар бораи он ки Эрон бо нақзи қатъномаи СММ ба шӯришгарони ҳусии Яман силоҳ додааст, далелҳои қотеъ дорад. Ин нуктаро намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ рӯзи 14 декабр баён кард.

Ҳейлӣ дар нишасти хабарие, ки дар як анбори низомӣ дар Вашингтон баргузор шуд, гуфт, "далелҳо раднашавандаанд". Масъулони вазорати дифои ИМА дар ин анбор бархе силоҳҳоро намоиш доданд.

"ИМА бо таваҷҷуҳ ба рафторҳои бесуботкунандаи режими Эрон, нисбат ба Теҳрон аз равишҳои нав кор хоҳад гирифт. Ин маънои онро дорад, ки мо на танҳо ба барномаҳои ҳастаии Эрон тамаркуз хоҳем кард, балки барномаи мушаки болдор, содироти силоҳ ва ҷонибдории он аз террористону ҳукуматҳои худкомаро низ хоҳем омӯхт", - афзуд Ҳейлӣ.

Тамғаи қитъаи силоҳ нишон медод, он як мушаки кутоҳпарвози эрониест, ки аз ҳудуди Яман ба фурудгоҳи байналмилалии Арабистони Саудӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Риёз партоб шудааст. Ҳамчунин бесарнишин ва силоҳҳои зиддизиреҳпӯшие намоиш дода шуд, ки нирӯҳои Саудӣ дар Яман ошкор кардаанд. "Онҳо ҳам шояд тамғаи "Истеҳсоли Эрон"-ро доштанд", - изҳор дошт Ҳейлӣ.

Қатъномаи СММ, ки дар робита ба як қарордоди муҳими ҳастаӣ қабул шудааст, интиқол, фурӯш ва додани силоҳро барои Теҳрон бидуни иҷозати Шӯрои амният манъ мекунад. Як қатъномаи дигари СММ интиқоли ҳама гуна силоҳро ба шӯришгарони ҳусӣ манъ кардааст.

Теҳрон, ки Риёзро душман ва рақиби худ дар Ховари Миёна медонад, иддаои додани силоҳ ба ҳусиҳоро рад карда, изҳороти Ҳейлиро дар бораи ҳамлаи мушакии 4 ноябр "бемасъулиятона, ҳангомаомез ва харобиовар" номид. Саудӣ яке аз ҳампаймонони наздики ИМА дар Ховари миёна буда, Вашингтон интиқолдиҳандаи асосии силоҳ ба нирӯҳои Риёз аст.

Ин изҳороти Ҳейлӣ дар ҳоле нашр шуд, ки расонаҳо аз натиҷаи санҷиши СММ дар робита ба мушакҳои партобшуда ба Арабистони Саудӣ хабар доданд. Бино ба хабарҳо, пажуҳишгарони СММ натавонистанд, ба таври қотеъ муайян кунанд, ки он ду мушакро Теҳрон ба ҳусиҳо додааст.

XS
SM
MD
LG