Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон аз нақбканҳо қатъи эътирозро талаб кард. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳрии Шахта 14 декабр даъвои ширкати «АрселорМиттал Темиртау»-ро "дар бораи қатъи эътирози нақбканҳо"-и чаҳор нақби вилояти Қарағанда қонеъ кард.

Додгоҳ дар асоси даъвои ширкат, ки садҳо нақбкани ширкати мазкур бо нишони эътироз, намехоҳанд аз нақб ба боло бароянд, чунин қарор баровард.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки "эътирозгарон дар бораи баргузории ҷаласаи додгоҳ хабар дода шуда буданд, аммо ҳозир нашудани онҳо дар додгоҳ наметавонад монеи баргузории ҷаласа шавад".

Додгоҳ мегӯяд, ин қарор бо назардошти бехатарии ҳаёт ва саломатии нақбканон қабул шудааст. Нақбканон вазифадор шудааст, ки аз нақб берун оянд.

Садҳо тан аз нақбканон (бештар аз 700 тан) 11 декабр аз нақб берун нашуданд ва талаб карданд, ки моҳонаашон зиёд шавад. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки барои нақбканон аз синни 50-солагӣ нафақа таъйин шавад.

Аз шурӯи эътирозҳои нақбканҳо дар Қазоқистон чор рӯз гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00

XS
SM
MD
LG