Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дастикам 10 созмони хайрияи хориҷиро мебандад


Эмгузаронии кӯдакон дар Покистон

Покистон аризаи сабти номи дубораи дастикам 10 созмони хайрияи хориҷиро рад ва фармони масдуд кардани фаъолияти онҳоро содир кард.

Форуми Хайрияи Покистон, ки аз 63 созмони байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, рӯзи 13 декабр гуфт, ки ҳадди ақал 10 ташкилоти узви Форум аз Вазорати умури дохилии Покистон "ҷавоби рад" гирифтанд.

Ба гурӯҳи созмонҳое, ки бояд аз кишвар хориҷ шаванд, ташкилоти хайриявии миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос низ шомил шудааст, гуфт намояндаи Форум.

"Мо яке аз 20 созмоне ҳастем, ки сабти номашон рад шудааст",- гуфт Ҷонатан Бирчалл, намояндаи Бунёди Сорос ба хабаргузории Франс Пресс.

ActionAid, як созмони дигар, ки барои ҳимояи ҳуқуқи занон ва соири масоили дигар кӯмак мерасонад, мегӯяд, ки онҳоро низ аз кишвар берун мекунанд.

Созмони умдаи дигар - Табибони бидуни марз, ки хадамоти беҳдоштӣ ироа мекунад, рӯзи 9 ноябр дастур гирифт, ки пойгоҳҳои охиринашро дар манотиқи ноороми қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон масдуд кунад.

Мақомоти Покистон аз шарҳи қарори бастани созмонҳои хайрия ба Франс Пресс худдорӣ карданд.

Дар чанд соли ахир Покистон фаъолияти созмонҳои хориҷиро ба таври афзоянда мавриди шубҳа қарор дода, баъзе онҳоро дар ҳамкорӣ ба хадамоти амнияти хориҷӣ муттаҳам кардааст.

Видеоҳои охирин

Занони манотиқи марзӣ: "Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG