Пайвандҳои дастрасӣ

"Агора" СММ-ро ба пуштибонӣ аз Telegram даъват кард


Telegram

Гурӯҳи байналмилалии ҳуқуқи инсон "Агора" аз гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид Девид Кайе даъват кард, ки ба авзои атрофи паёмрасон ё мессенҷери Telegram таъсир гузорад ва дар баҳс бо Русия аз Telegram пуштибонӣ кунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 14 декабр хабар дод.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар номаи худ аз Кайе аз ӯ хостаанд ба ҳукумати Русия тавсия диҳад, ки "аз густариши таҷрибаи дахолати бебандубор ба ҳуққуҳои шаҳрвандон, озодии баён, ҳарими хусусии мардум, бо шумули олами маҷозӣ худдорӣ кунад. Ба гуфтаи "Агора" амалкарди мақомоти Русия ба қатъномаи СММ дар бораи дахлнопазирии зиндагии хусусӣ, мухолифат мекунад.

Рӯзи 12 декабр додгоҳи Мешанскии Маскав ҷаримаи 800 ҳазор рубл ба Telegram-ро, ки аз талаби Идораи федеролии амнияти Русия -ФСБ, оиди ироаи маълумоти корбарон сарпечӣ кард, қонунӣ шумурд. Ба ин тартиб, идораи "Роскомнадзор" барои қатъ кардани фаъолияти Telegram дар Русия асос пайдо кард.

Раҳбарияти паёмрасони Telegram барои ғайриқонунӣ эълон кардани талаби ФСБ, дар бораи шикастани рамзи паёмҳо, ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кард. "Агора" барнома дорад, ки ин баҳсро дар додгоҳи Аврупо идома диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG