Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои тақвияти нерӯи низомиаш $700 млрд сарф мекунад


Гурӯҳи нерӯҳои низомии ИМА дар майдони "Истиқлолият"-и Киев. 24-уми августи соли 2017

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал, дар ҳафт соли ахир, теъдоди сарбозонашро дар соли 2018 афзоиш медиҳад. Ин нуктаро президент Доналд Трамп рӯзи 12-уми декабр эълон кард.

Ба гуфти ӯ, низомиён бори аввал изофаи бузург ба маошро дарёфт мекунанд. Раҳбари Кохи Сафед инро қадаме ба сӯи "барқарории комили нерӯи низомии Амрико" унвон кард.

Рӯзи 12-уми декабр Доналд Трамп қонуни буҷети мудофиа барои соли молии 2018-ро имзо кард. Ҳарду палатаи порлумон аз ин қонун пуштибонӣ карданд. Маблағи харҷи ниёзҳои нерӯи низомии ИМА 700 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ беш аз 4,5 миллиард доллар ба шарикони аврупоии Амрико дар НАТО ироа мешавад.

Аз рӯи харҷҳои низомӣ дар ҷаҳон, Амрико дар ҷойи аввал ва ба дунболи он Чин қарор дорад. Бино ба ҳисобҳои соли 2016, Маскав барои ниёзҳои артиш 70 миллиард доллар сарф кард. Харҷи Вашингтон дар соли гузашта 611 миллиард доллар ва аз Пекин 215 миллиард доллар буд.

Сарфи назар аз коҳиши қурби рубл ва иқтисод Русия харҷҳои низомиашро бештар кардааст.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG