Пайвандҳои дастрасӣ

Диломатҳои Русия муваққатан аз Яман хориҷ шуданд


Ҷангиёни Ҳусӣ ҳангоми патрули пойтахт. 4 декабри соли 2017

Бо назардошти вазъи хатарноки амниятӣ Русия ҳузури дипломатиаш дар Яманро муваққатан қатъ кард ва кормандонашро ба Риёз, пойтахти Саудӣ кӯч дод. Дар ин бора сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 12 декабр ба хабаргузории ТАСС гузориш дод.

Қаблан сафорати Русия дар Яман аз таҳдиди амнятӣ ба кормандонаш хабар дод, зеро зарбаҳои ҳавоӣ рӯи муассисаҳои наздик ба корпусҳои дипломатӣ сурат мегиранд.

Муқовимати байни ҳукумати эътирофшудаи Яман ва шӯришгарони Хусӣ, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, аз соли 2014 идома дорад. Низоъ дар ҳоле шиддат гирифт, ки президенти феълии Яман - Абд Раббо Мансур Ҳодӣ ба вурӯди нерӯҳои эътилофи арабии таҳти раҳбарии Саудӣ ба Яман иҷозат дод.

Охири моҳи ноябр Ҳусиҳо барои ишғоли баъзе муассисаҳо, ки таҳти назорати тарафдорони президенти пешини Яман - Алӣ Абдулло Солеҳ қарор доранд, талош карданд. Рӯзи 2 декабр Солеҳ эътилофаш бо Ҳусиҳоро қатъ кард ва 4 декабр аз ҷониби шӯришгарон кушта шуд.

Аз соли 2014 ба ин тараф беш аз 10 ҳазор инсон дар Яман кушта шуда, ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, бо назардошти камбуди ғизо, кӯмаки тиббӣ ва оби ошомидани, бӯҳрони Яман ба вахимтарин бӯҳронҳои башарии ҷаҳон табдил шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG