Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши пойгоҳи гази табиӣ дар Австрия як нафарро қурбон кард


Таркиш дар истгоҳи тақсимоти гази Австрия. 12-уми декабри соли 2017

Масъулони Хадамоти изтирории Австрия гуфтанд, ки дар пайи таркиши пойгоҳи гази табиӣ ва сӯхтор як нафар ҷон бохт. Сухангӯи Салиби Сурх Соня Келнер ба Austria Press гуфт, дар пайи таркиш ва сӯхтори рӯзи 12-уми декабр дар Баумгартен, наздикиҳои марзи Австрия бо Словакия, 18 нафари дигар захм бардошт.

Ширкати Gas Connect Austria, ки пойгоҳи гази табииро идора мекунад, гуфт, таркиш ҷанбаи фаннӣ дорад. Пулис мегӯяд, вазъ таҳти назорат аст ва таркиш дар ин пойгоҳ, ки маркази умдаи ҳамлу нақли гази табиии Аврупо ба шумор меояд, дар натиҷаи иштибоҳи фаннӣ рух додааст.

Гази табиӣ ба Баумгартен аз чанд лӯлаи байнимарзӣ ворид мешавад ва тавассути Австрия ба кишварҳои дигари Аврупо интиқол меёбад.

Ширкати "Газпром Экспорт" мегӯяд, бар сари дигар кардани маҷрои газ кор мекунад ва талош дорад, ки таъмини газ қатъ нашавад.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG