Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Самарқанд ба дуздии $150 миллиони ширкатҳои бимаи ИМА айбдор шуд


Се зодаи шаҳри Самарқанди Узбакистон ба дуздии ҳудуди 150 миллион доллар дар шаҳри Ню-Йорк айбдор шуданд. Додгоҳ баррасии ин қазияро рӯзи 5 декабр оғоз кард. Биноба гуфтаи маводи додгоҳӣ, Кристина Мирбобоева, шавҳари ӯ Александр Копенкин ва модараш Ирина Федорова 146 миллион доллари ширкатҳои давлатии бимаи ИМА-ро аз худ кардаанд.

Дар саҳифаи "Одноклассники"-и Мирбобоева навишта шудааст, ки ӯ соли 1997 мактаби миёнаи рақами 30 ва соли 2001 Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқандро хатм кардааст.

Ба узви ин гуруҳи ҷиноӣ бо раҳбарии Мирбобоеваи 35-сола 14 ширкат ва 20 нафар шомил ҳастанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои дигари шӯравии пешин низ ҳузур доранд. Гуруҳ моҳи январи соли 2015 ташкил шуда, то моҳи ноябри соли равон фаъолият кардааст.

Дар татбиқи нақшаҳои гуруҳ чаҳор табиб, аз ҷумла табиби бемориҳои қалби Департаменти пулиси Ню-Йорк ва зодаи Узбакистон Суҳроб Қобилов низ даст доранд. Аъзои гуруҳ муштариёни бесарпаноҳро аз ошхонаҳои камбизоатҳо ва марказҳои ҷойи, ки кортҳои бимаи Medicaid ва Medicare доранд, бар ивази 40 долларии нақд ба бемористонҳои шарикони худ ҷалб мекардаанд.

Масъулони бемористонҳо дар навбати худ арқоми кортҳои онҳоро сабт карда, бо нишон додани натиҷаҳои сохтаи ташхисҳо аз ширкатҳои давлатии бима 50 долларии нақд пули хадамоти тиббиро меситонидаанд. Яке аз ин табибон Роберт Ваккарино тайи камтар аз як сол бо 8 ҳазор ташхиси сохта 1 миллиону 400 ҳазор доллар ба даст овардааст.

Алайҳи аъзои гуруҳ бар пояи 878 банд айб эълон шудааст. "Онҳо қишри осебпазири сокинонро "шикор" мекардаанд, то барои худ ҷузвдонҳои бренди Chanel бихаранд", - гуфт додситони Бруклин Эрик Гонсалес ҳангоми суҳбат дар бораи Мирбобоева. Ба иттилои додситонӣ, ҳар як ҷузвдоне, ки аз манзили Мирбобоева мусодира кардаанд, 6,5 ҳазор доллар арзиш дошта, як шиша шароби ӯ 6 ҳазор доллар нарх доштааст. Худи Мирбобоева дар манзиле ба сар мебурд, ки 3, 25 миллион доллар арзиш дорад.

Бино ба хабарҳо, аз манзили раҳбари гуруҳ ҷавоҳирот ва 700 ҳазор доллар пули нақд мусодира шуд. Додситонии Бруклин беш аз 130 ҳисоби бонкии марбут ба аъзои гуруҳро дар кишварҳои гуногун ҳабс кард.

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG