Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳрух Саидзода – сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД


Шоҳрух Саидзода

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумрук – сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Мақомоти вазорат рӯзи 12-уми декабр гуфтанд, ки ин қарор дар мувофиқа бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Қаблан, дар моҳи апрели имсол, Шоҳрух Саидзода иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ таъин шуда буд.

Ин писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки рутбаи подполковникро дорад, 31-сола буда, аз соли 2012 боз дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Вай маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дошта, феълан муҳассили факултаи рақами аввали Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда будааст.

Вебсайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Шоҳрух Саидзода бо нишони сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” сарфароз шудааст.

Шоҳрух Саидзода аз намояндагони “ҷавонони тилоӣ”, ки фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистонро дар бар мегирад, мебошад. Ӯ, ҳамин тавр, аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

Тими футболи “Истиқлол” дар соли 2007 бо ибтикори ҳардуи онҳо ба вуҷуд омад ва Рустами Эмомалӣ ибтидо дар ҳайати ин тим як муддат бозӣ ҳам мекард ва муассиси аслии “Истиқлол” ном ҳам бурда мешуд. Аммо аз ҳамон сол то ба имрӯз президентии ин тими футболро Шоҳрух Саидзода бар ӯҳда дорад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG