Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дида ба дидор нарасид. Домод дар роҳ ба сӯи Душанбе ҷон бохт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳаким Сабуров, сокини 20-солаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), ки шаби 8-уми декабр барои анҷом додани маросими ақди никоҳ бо арӯсаш ба шаҳри Душанбе раҳсипор буд, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҳаким Сабуров ҳамроҳ бо Ҳоким Тағоев, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, ки ба сифати шоҳид домодро ҳамроҳӣ мекард, ба мошини боркашони “Дулан” бархӯрда, ҳарду ҳалокат шуданд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ин садамаи нақлиётӣ тақрибан соати 22-и шаб дар деҳаи Сурхи ноҳияи Ҷайҳун рух додааст.

Мақомоти вазорат гуфтанд, ки ронандаи “Дулан” Маҳмадзоҳир Давлатов “бехатарии роҳро таъмин карда натвонист” ва ба мошинаи “Тойота-Королла” бархурд.

Дар натиҷа, ронанда Ҳоким Тағоев ва домодшаванда Ҳаким Сабуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидаанд.

Дар мошини “Тойота – Королла” ҳамроҳ бо домод ва шоҳид, ки барои анҷом додани маросими ақди никоҳ ба шаҳри Душанбе мерафтанд, ҳамчунон холаи домод Кенҷагул Пироваи 46-сола ҳамроҳ бо духтараш Шукрона Зубайдуллоеваи 4-сола ҳузур доштаанд. Ин модару духтар ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG