Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СММ дар Куриёи Шимолӣ. Лавров: Пхенян ба музокирот моил аст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, таҳдидҳои Амрико барои хориҷ шудан аз созиши ҳастаӣ бо Эрон монеи талош барои поён додан ба буҳрони ҳастаӣ бо Куриёи Шимолист. Оқои Лавров дар ин бора рӯзи 8-уми декабр дар Вена, пойтахти Австрия, изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, дар музокирот бо Куриёи Шимолӣ дарёфтааст, ки Пхенян ба музокирот барои коҳиш додани буҳрон бо Амрико моил аст. Аммо ин кишвар, ба қавли Лавров, ибрози шак менамояд, ки оё Вашингтон ба ҳар муомилае, ки сурат мегирад, пойдор мемонад, ё на.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 9-уми декабр масъули умури сиёсии Созмони Милали Муттаҳид роҳии Куриёи Шимолӣ шуд. Аз соли 2012 ба ин тараф ин баландтарин мақоми Созмони Милали Муттаҳид аст, ки ба Куриёи Шимолӣ меравад.

Вазири умури хориҷии Чин низ дар Пекин ба хабарнигорон гуфтааст, умедҳо дар мавриди сулҳ бо Куриёи Шимолӣ мавҷуд буда, то ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Видеоҳои охирин

Раиси намояндагии ширкати "Мир" Қудрат Афардӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG