Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 3000 ҷангии ДИИШ дар манотиқи байни Ироқу Сурия мондаанд


Барафрохтани парчами Сурия ва Русия дар яке аз шарҳои озод шуда аз ДИИШ
Барафрохтани парчами Сурия ва Русия дар яке аз шарҳои озод шуда аз ДИИШ

Сарфи назар аз изҳороти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи маҳви комили ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сурия, сухангӯи Пентагон Эрик Пайон рӯзи панҷшанбе гуфт, ки то 3000 ҷангҷӯи гурӯҳ дар байни Ироқу Сурия боқӣ мондаанд.

Эрик Пайон гуфт: “Ҳоло ҳам дар байни Сурияву Ироқ бештар аз 3 ҳазор ҷангҷӯи Давлати исломӣ боқӣ мондаанд, ки бояд маҳв шаванд. Агар ин 3 ҳазорро ҳам нобуд кунанд, кори зиёди дигар барои пешгирӣ аз сар бардоштани Давлати Исломӣ, Ал-Қоида ва Ал-Нусра боқӣ мемонад, ки аз ҳама пештар онҷо пайдо шуданд. Аз ин рӯ шароитеро бояд ислоҳ кард, ки иҷоза дод, ин гурӯҳҳо ба қудрат бирасанд."

Русия маъракаи низомиашро дар Сурия соли 2015 оғоз кард. Нерӯҳои ҳавоии Русия ба артиши ҳукумати Сурия кӯмак мекунанд ва мавқеи мухолифини президент Асадро ҳадаф қарор медиҳанд. ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ Асадро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд ва аз Маскав мехоҳанд, ки аз пуштибонии Асад даст кашад.

XS
SM
MD
LG