Пайвандҳои дастрасӣ

Telegram аз болои қарори ФСБ ба Додгоҳи олии Русия шикоят бурд


Раҳбарияти шабакаи иҷтимоии Telegram дар як муроҷиаташ ба Додгоҳи олии Русия аз қарори ғайриқонунии ФСБ – Хадамоти амнияти федеролии ин кишвар шикоят карда гуфтааст, ки талаби ин ниҳод дар заминаи ироаи маълумот дар бораи мазмуни паёмҳои муштариҳо ғайриқонунӣ аст. Рӯзи 8 декабр вакили дифои созмони байналмилалии “Агора” Рамил Ахметгалиев гуфт, ки бо қарори рӯзи 16 октябри додгоҳи Маскав маъмурияти шабакаи иҷтимоии Telegram муваззаф шуд, ки барои адами ҳамкорӣ бо ФСБ ба ин ниҳод 800 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад. Агар қарори додгоҳ ҳукми иҷро бигирад, Роскомнадзор ҳақ хоҳад дошт, ки кори Telegram дар Русияро масдуд кунад. Шикояти ҷавобии ин ширкат дар додгоҳи ноҳияи Мешанскии Маскав қарор дорад. Ҳуқуқшиносон ин қазияро тафтиш карда дар фармони ФСБ иштибоҳҳои ҷиддӣ ошкор карданд.

Намояндаи “Агора” гуфт, ки ФСБ ҳуқуқи содир кардани чунин як фармонро надошт, чунки он бо талаботи қонун дар бораи зарурати вуҷуди қарори судӣ оид ба ҳақи дастрасӣ ба матни мукотибаҳои шаҳрвандон дар ихтилоф аст. Ба ғайр аз ин, ФСБ ҳақи содир кардани чунин фармонҳоро надорад. Чунин ҳақро ҳукумат дорад, ки бар асоси қонуни федеролӣ амал мекунад. Дар ҳоле, ки фармони ФСБ рӯзи 19 июл содир шудааст, тағйирот ба қонун дар ин замина, ки бо номи ба истилоҳ “қонуни Яровая“ маъруф аст, рӯзи 20 июл ба ҳукми иҷро даромад.

Муассиси Telegram Павел Дуров қаблан гуфта буд, ки бо ФСБ дар додгоҳ баҳс мекунад. Дуров мегӯяд, ки талаби ФСБ бо Конститутсияи Русия дар ихтилоф аст ва ҳар шаҳрванди Русия ҳақ дорад, ки мӯҳтавои мукотибаҳояш пинҳон бимонанд.

Видеоҳои охирин

Агар синни шумо андаке аз 30 гузашт…
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:23 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG