Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Time аъзои ҷунбиши #MeToo-ро "Чеҳраи сол" эълон кард


Маҷаллаи бонуфузи Time онҳоеро, ки дар ҷунбиши зидди таҷовузи ҷинсӣ иштирок карда, аз дарди худ ошкоро гуфтанд, ба унвони “Чеҳраи сол” сазовор донист. Ҷунбише бо номи #MeToo ё “Онҳое, ки садо баланд карданд” ҳазорҳо нафареро муттаҳид кард, ки дар бораи вуҷуди озори ҷинсӣ дар бахшҳои мухталифи ҳаёташон хабар доданд.

Сардабири маҷаллаи Time Эдвард Фелсентал дар суҳбат бо телевизиони NBC-TV’s Today рӯзи 6-уми декабр гуфт, “аъзои ҷунбиши мазкур тавонистанд, дар кӯтоҳтарин фурсат як маъракаи ҷиддии иҷтимоиро барпо кунанд, ки собиқаашро дар даҳсолаҳои охир надида будем.”

Ӯ афзуд, “ин маърака аз иқдоми инфиродиву ҷудогона шурӯъ шуд, вале садҳо зан ва бархе мардонро ҳам ташвиқ кард, ки дарди худро бо дигарон дар миён гузоранд”.

Дар миёни ҷабрдидаҳои озори ҷинсӣ, инчунин, ҳунарпешаҳои синамои Ҳолливуд ҳам буданд. Дар ҳамин маъракаи сартосарӣ ҳунарпешаҳои зиёди синамо аз таҷрибаи ваҳшатноки худ дар мисоли коргардон ва продюсери маъруф Ҳарвӣ Вайнштейн қисса карданд.

Бонувоне, ки дар ҷунбиши #MeToo иштирок карданд, боис ба эҷоди баҳсу баррасиҳои зиёд оид ба озори ҷинсӣ дар Амрико шуданд. Соли гузашта маҷаллаи Time президент Доналд Трампро “Чеҳраи сол” унвон кард.

XS
SM
MD
LG