Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 22-сола барои куштори шавҳар боздошт шуд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 22-сола бо иттиҳоми қатли шавҳараш боздошт шудааст. Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, зани гумонбар дар қатли шавҳар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ҳодиса рӯзи 5 ноябр рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ин ҷавонзан бо он гумонбар дониста мешавад, ки дар пайи ҷанҷол бо шавҳараш бо корд ба ӯ ҳамла кардааст.

“Дар натиҷа гумонбаршуда бо корди ошхонагии дар дасташ буда, 1 маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст,” - афзуд манбаъ.

Дар ВКД мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, таҳқиқ идома дорад. Масъулини Вазорати умури дохилӣ аз ин бештар шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки наздикони ҷавонзани гумонбар ба қатли шавҳар дар бораи ин ҳодиса чӣ назар доранд.

XS
SM
MD
LG