Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин тамрини ҳарбии ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар нимҷазираи Корея


Ҳавопаймои ҷангии ИМА- F-22

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ бузургтарин тамрини ҳарбӣ дар таърихи ҳамкориҳои низомии ду кишварро баргузор мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 4 декабр бо такя ба бунгоҳи хабарии Кореяи Ҷанубӣ - "Рёнхап" гузориш дод.

Дар ин тамрин 230 ҳавопаймои неӯҳои ҳавоии ду кишвар, бо шумули шаш ҳавопамои ҷангии F-22, ба ҳамин миқдор ҳавопаймои F-35A ва 12 ҳазор низомӣ иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни тамрини панҷрӯза шарикон зарба ба ҳадафҳои монанд ба барномаи мушакиву ҳастаии Кореяи Шимолиро машқ мекунанд, - гуфтааст Вазорати дифои Кореяи Ҷанубӣ.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ таримрин барномарезишударо "тавтеаи бузурги ҳарбӣ" номиданд ва Вашингтонро ба омодагии ҷанги ҳастаӣ муттаҳам карданд.

Авзо дар нимҷазираи Корея дар ҳоле муташаниҷ шуд, ки Кореяи Шимолӣ рӯзи 29 ноябр аз партоби мушкаи байниқоравӣ хабар дод. Мақомоти Кореяи Шимолӣ гуфтаанд, ки мушак метавонад ҳар гӯшаи континенталии ИМА- ро ҳадаф қарор диҳад. Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун гуфтааст, ки кишвараш нерӯҳои ҳастаияшро бомувафақият таъсис дод.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG