Пулиси шаҳри Путсдами Олмон баъди ёфтани як бастаи пур аз мех, ноқил ва василаи эҳтимолии тарканда одамони бозори крисмасро ба берун баровард.
Мақомот рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ин бастаи шубҳаовар аз байн бурда шуда, пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Дар бораи зарар ба касе гузориш нашудааст.
Тадобири хоси амниятӣ дар бозорҳои крисмас дар Олмон пас аз он рӯи даст гирифта шудааст, ки як марди тунисӣ соли гузашта тавассути мошинаш 12 нафарро дар Берлин кушт ва 56 тани дигарро маҷруҳ кард.
Бузургтарин бозори крисмас дар Олмон рӯзи 30-юми ноябр дар Нюрнберг ифтитоҳ шуд. Интизор меравад, ки ҳудуди ду миллион нафар аз ин бозор дидан кунанд.