Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларусия ба ивази васоили нақлиёт аз Тоҷикистон пахта мехарад


Александ Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон
Александ Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Беларус Александ Лукашенко гуфт, кишвараш омода аст Тоҷикистонро бо васоили нақлиёт таъмин кунад ва аз Тоҷикистон мустақиман нахи пахта бихарад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Беларус рӯзи 1 декабр ба хабаргузории Белта гузориш дод.

Изҳороти Лукашенко дар бораи пешниҳоди ин додугирифт дар ҷараёни музокирот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пахш шуд.

"Мо омодаем талаботи Тоҷикистонро ба ҳамагуна васоили нақлиёт - мошин, мошинҳои роҳсоз, мошинҳои кӯҳгард ва дигар васоили техникӣ таъмин кунем, ки шумо ба он ниёз доред",- гуфт Лукашенко. Ӯ гуфт, Беларусия бениҳоят шод аст, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Лукашенко гуфт, Тоҷикистон барои рушди соҳаи энергетикаи обӣ талош дорад ва Беларусия умедвор аст, ки мутахассисонаш дар ин тарҳҳо фаъолона иштирок кунанд.

Лукашенко қавл дод, ки барои омӯзиши имкониятҳои ба роҳ мондани корхонаҳои муштарак, ӯ як ҳайъати иборат аз раҳбарони ширкатҳои бузурги кишварашро ба Тоҷикистон мефиристад.

Раҳбари Беларусия ҳамчунин аз кӯҳҳо ва рудхонаҳои зебои кӯҳии Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, умедвор аст, ки равобити мардуми тоҷик ва беларус ба монанди инҳо зебо бошад.

XS
SM
MD
LG