Пайвандҳои дастрасӣ

ТАСС: Узбакистон аз Русия 12 чархболи ҷангии MI-35 мехарад


Чархболи MI-35- Русия

Вазорати дифои Узбакистон бо “Рособоронэкспорт” барои харидории 12 чархболи зарбазани Ми-35 қарордод имзо кард. Дар ин бора хабаргузории расмии Русия ТАСС рӯзи 30 ноябр бо такя ба як манбаи дипломатӣ гузориш дод. Дар бораи қиммати ин созиш маълумот пахш нашудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати расона, ҳоло як ҳайати “Рособоронэкспорт” дар Тошканд буда, бо намояндагони вазорати дифоъ ва Кумитаи давлатии саноати дифоии Узбакистон гуфтугӯ доранд. “Мутахассисони рус бо даъвати Тошакнд омадаанд ва дар музокирот раванди иҷрои қарордод баррасӣ мешавад”, - изҳор дошт ӯ.

Қарордоди таслиҳотӣ дар байни Тошканду Москва моҳи ноябри соли 2016 имзо шуда, густариши ҳамкориҳои низомӣ, аз ҷумла муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон бо техника ва аслиҳаи замонавиро дар бар мегирад.

Чархболи ҳарбии MI-35 барои маҳви техникаҳои зиреҳпӯш пешбинӣ шуда, ҳамчунин дар ҳамлу нақли ҳайати шахсӣ, интиқоли захмиён ва боркашонӣ истифода мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG