Пайвандҳои дастрасӣ

Падаре дар мурофиаи қотили фарзандаш ду норинҷакро тарконд


Толори додгоҳ баъди таркиши норинҷакҳо. 30 ноябри соли 2017

Пулиси Украина мегӯяд, ки рӯзи 30 ноябр марде дар толори додгоҳи шаҳри шарқии Никопол ду норинҷакро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд ва якчанд нафари дигарро захмӣ кард.

Сухангӯи пулиси минтақаи Днепропетровск Ҳанна Старчевска мегӯяд, ин мард падари қурбонии як куштор буд, ки мурофиаи қотилонаш дар ҳамин толор ҷараён дошт.

Дар пайи таркиш падари қурбонӣ кушта шуд ва 10 нафари дигар бо шумули гумонбарҳои куштор, нигаҳбонон ва кормандони додгустарӣ захм бардоштанд ва оҷилан ба бемористон интиқол ёфтанд. Яке аз гумонбарҳои захмишуда дертар дар бемористон ҷон дод.

Боздоштшудаҳо аз рӯи иттиҳоми куштори ду мард бо автомати Калашников, моҳи феврали соли 2016 мурофиа мешуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG