Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Хорватия марги генерал Пралякро тасдиқ кард


Андрей Пленкович, нахуствазири Хорватия, марги фармондеҳи пешини хорватҳои Босния Слободан Пралякро, ки рӯзи 29-уми ноябр дар ҷаласаи Додгоҳи байналмилалии низомӣ гуфт, заҳр нӯшид, тасдиқ кард. Пеш аз ин, аз марги Праляк телевизиони давлатии Хорватия иттилоъ дода буд.

Пленкович 29-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки "мутаассифона, имрӯз мо шоҳиди худкушии Праляк шудем". Сарвазир, ҳамчунин, ба наздикону пайвандони фармондеҳ ҳамдардӣ баён кард.

Раиси Додгоҳи низомии Гаага Ненад Голчевский хабар дод, ки Праляки 72-сола, бо вуҷуди талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ, дар бемористон даргузашт. Ҳанӯз маълум нест, ки фармондеҳи пешини хорватҳои Босния чи гуна заҳр нӯшидааст.

Додгоҳи низомии байналмилалӣ рӯзи 29-уми ноябр шикояти Праляк ва панҷ ҷонибдори ӯро, ки ҳанӯз дар соли 2013 ироа шуда буд, баррасӣ мекард. Он замон фармондеҳи пешини хорватҳо бо ҷурми ҷиноятҳои ҳарбӣ 20 сол зиндонӣ шуда буд.

Ин шаш хорвати Босния дар таъсиси лагерҳои махсус барои нигаҳдории мусулмонон айбдоранд. Дар натиҷаи ҷанги 11-моҳа, дар солҳои 1992-1995, бештари минтақаи Ҳерзеговина ва маркази Босния пурра хароб шуда буданд. Мурофиаҳои додгоҳӣ дар доираи ин парванда аз соли 2006 ба ин сӯ идома доранд ва додгоҳ ҳудуди 200 шоҳидро бозпурсӣ кардааст.

Додгоҳ гуфт, онҳо мехостанд, бо роҳи куштор, таъқиб, таҷовуз, ихроҷ ва маҳви дороиҳо мусулмонон ва сокинони ғайрихорватиро берун кунанд. Соли 2013 шаш хорвати Босния ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG