Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Андиҷон омӯзгори 64-соларо "ҳайвон"-у "ҳаромӣ" номид


Дилмурод Раҳматуллоев
Дилмурод Раҳматуллоев

Як манбаи Бахши узбакии Радиои Озодӣ аз ҷаласаи 18-уми ноябри шаҳрдории Андиҷон наворе фиристодааст, ки дар он шаҳрдори 43-сола Дилмурод Раҳматуллоев ду зани фаъолро дашном дода, онҳоро "ҳайвонҳои палиду ҳаромӣ ва аҷуза" меномад.

Тавре дар навор шунида мешавад, Раҳматуллоев ҳангоми бозпурсии раҳбарони маҳаллаҳо ба ду зане диққат медиҳад, ки миёни худ дар бораи чизе суҳбат мекарданд. Шаҳрдор аз ин амали занон ба хашм омада, онҳоро дашном медиҳад.

"Ин ду шағол чаро инҷо нишастаанд. Аҷузаҳо, шағолҳо, ҳаромиҳо. Ин ду ҳайвони палид инҷо нишаста, бо ҳам суҳбат доранд. Дар бораи чи суҳбат мекунанд, намедонам. Дигар, ба ҷои раҳбарони маҳаллаҳои худ наоед. Агар онҳо бимиранд, ба ҷанозаашон хоҳам рафт", - мегӯяд Раҳматуллоева дар хитоб ба ду зан ва сипас онҳоро аз толор берун мекунад.

Баъдан шаҳрдори Андиҷон ба ҳисоботи раиси Шӯрои маҳаллаи шаҳрӣ Равшан Юлдошев гӯш медиҳад. "Онҳое, ки бо ман кор мекунанд, донанд, ки ба зудӣ дар дастам корд мегирам. Дар шаҳр ба далели бесоҳибӣ бетартибиҳо зиёд шудааст. Ман оҳиста-оҳиста низому тартиботро ҷорӣ хоҳам кард", - меафзояд ӯ.

Тавре маълум гашт, яке аз ин занҳо 64-сола буда, таҷрибаи 40-солаи омӯзгорӣ дорад. Ҳардуи онҳо мушовирони раҳбарони маҳаллаҳои "Санъат" ва "Қушарик" ҳастанд. "Ҳама аллакай медонанд, ки шаҳрдор маро дашном дода, таҳқир кард. Ин кори хуб нест. Ман ӯро ба Худо месупорам", - гуфт зани пиронсол.

Ёдрас мешавем, пештар низ шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев мудирони мактаб ва коллеҷҳоро барои сафарбар кардани шумори ками пахтачинҳо ва ҳисоботи дурӯғин дашном дода буд.

XS
SM
MD
LG