Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати ҳукумати Сурия дар музокироти Женева иштирок мекунад


Стаффан де Мистура, фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия

Ҳукумати Сурия иштирокашро дар музокироти сулҳ, ки дар Женева баргузор мешавад, тасдиқ кард. Қаблан ҷониби Сурия аломат дод, ки ба ин мулоқот намеравад.

Сухангӯи СММ Аллесандра Велуччӣ рӯзи 28-уми ноябр дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия Стаффан де Мистура аз ҳукумати Сурия пайғоме дарёфт кард, ки ҳайат фардо ба Женева меояд."

Худи Стаффан де Мистура гуфт, ки даври ахири музокирот ба "раванди фарогир - таҳия ва тасвиби тарҳи Қонуни асосии нав" тамаркуз мекунад ва ин қадам қабл аз баргузории интихобот зарур аст."

Наср ал- Ҳарирӣ, раҳбари ҳайати мухолифин дар музокирот, рӯзи 27-уми ноябр баробари расидан ба Женева гуфт, ки онҳо барои музокирот омодаанд.

Наср ал- Ҳарирӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳадафи аслии онҳо аз мақом дур кардани Башор Асад то оғози даври гузариш аст.

Дар тӯли ҷанги шашсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия беш аз 300 ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар аз маҳалли зисташон фирор карданд

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG