Пайвандҳои дастрасӣ

Ду қурбонии дигари "куштори номусӣ" дар Покистон


Акси қурбонии "куштори номусӣ"

Пулиси Покистон дастикам 9 нафарро барои қатли арӯсу домод, ки бе иҷозати калонсолон издивоҷ карданд, таҳти боздошт қарор дод.

Пулиси шаҳри бандарии Карочӣ рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ин ҷуфтро хешовандони онҳо ҳафтаи гузашта бо амри шӯрои қабила ё шӯрои ҷирга ба қатл расонданд.

Пулис қурбониҳоро Абдулҳодии 24-сола ва Ҳасинабибии 20-сола муаррифӣ кард, ки аз ноҳияи Куҳистони Хайбар Пахтунхва буданд ва ҳудудан як-якуним моҳ пеш дар Карочӣ издивоҷ карданд.

Афсар Қосим Ҳамид гуфт, падари Ҳодӣ ва хешовандонашро рӯзи 25-уми ноябр баъди ёфт шудани ҷасадҳо дар қабристони Карочӣ боздошт карданд. Онҳо кушторро эътиироф карда, гуфтаанд, ки ин ду нафар бо амри ҷирга ва барои беҳурматӣ ба фарҳанги паштунҳо кушта шуданд.

Вазири аршади минтақаи Синд Мурод Алӣ Шоҳ, ки аз ин куштор бисёр хашмгин буд, гуфт, "инҷо Карочӣ аст, на минтақаи қибиланишин, чӣ гуна дар он ҷо ҷирга баргузор шуд?"

Моҳи сентябр пулиси Покистон даҳҳо аъзои ҷиргаро ҷустуҷӯ мекард, ки амри куштори писари 17-сола ва духтари 15-соларо содир карданд. Бар пояи фармони ҷирга, ин ду нафар, ки барои издивоҷ аз хонаҳои худ фирор карда буданд, бо "электрошок" ба қатл расиданд.

Ҳамасола дар Покистон садҳо нафар қурбонии "кушторҳои номусӣ" мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG