Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози густарда алайҳи ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар Руминия


Раҳпаймоии эътирозӣ дар Руминия
Раҳпаймоии эътирозӣ дар Руминия

Ҳазорҳо шаҳрванди Руминия алайҳи барномаи ҳизби ҳокими Сотсиал-Демократ дар робита ба ислоҳоти низоми додгоҳии кишвар, дар Бухарест ва шаҳрҳои дигар раҳпаймоии эътирозӣ баргузор карданд.

Намоишгарон рӯзи 26 ноябр бо нидоҳои "дуздҳо, дуздҳо" то бинои порлумон раҳпаймоӣ карданд ва гуфтанд, ки онҳо адолат мехоҳанд на фасодкорӣ. Эътирозгарон ҳизби ҳокимро "вабои сурх" номиданд.

Мақомот теъдоди иштирокдорони раҳпаймоии Бухарестро 30 ҳазор нафар ҳисоб карданд, дар ҳоле, ки 20 ҳазори дигар дар 70 шаҳри Руминия даст ба эътироз заданд.

Камиссиюни Аврупо, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳазорҳо додгустар барномаи ислоҳоти амиқи низоми додгоҳӣ дар Руминияро шадидан интиқод карданд ва гуфтанд, ки ислоҳот низоми додгоҳиро таҳти назорати сиёсат мегузорад ва мубориза алайҳи фасодро заиф мекунад.

Мунақидон ҳамчунин мегӯянд, ин бознигарӣ ба манфиати ҳизби ҳокими Сотсиал-Демократ аст, ки аъзоёнаш бо иттиҳоми фасодкорӣ таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Созмони шаффоияти байналмилалӣ Руминияро аз фасодкортарин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо медонад.

XS
SM
MD
LG