Чаҳор гумонбари ҷиноятҳои вазнин бо шумули куштор ва ғоратгарӣ аз боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи пулиси ноҳияи Сокулук фирор кард. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Эрнис Усмонбоев иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо субҳи 27 ноябр, тахминан соатҳои 6 гурехтаанд. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Чуй ва шаҳри Бишкек амалиёти ҷустуҷӯии онҳоро оғоз кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, фирориҳо дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла авбошӣ ва куштор муттаҳам шудаанд. "Онҳоро то содир шудани ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ медоштанд. Дар робита ба фирори гумонбарон тафтишот шуруъ шудааст", - афзуд Усмонбоев.
Сухангӯи ВКД Қирғизистон мегӯяд, барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин ҳодиса далелҳоро ба мақомоти додситонӣ супурдаанд ва тадобири амниятӣ низ дар постгоҳҳои пулис пурзӯр шудааст.