Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Узбакистон -- фармондеҳи ДИ дар Афғонистон


Дар Шибирғони Афғонистон, ки бо вилояти Ҷузҷон ҳаммарз аст, нерӯҳои амниятӣ як фармондеҳи саҳроии "Давлати исломӣ" Шерзод Анваровро боздошт карданд. Хабар дода мешавад, ин зодаи Узбакистон 36 ҷангҷӯи ДИ-ро роҳбарӣ мекард.

Таърихи дақиқи боздошт гуфта намешавад. Дар бораи ин ҳодиса рӯзи 25 ноябр бахши Узбакии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол намояндаи вилояти Ҷузҷони Афғонистон Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ гуфтааст, ки Шерзод Анваров дар шаҳри Шибирғон боздошт шуд. "Дар рафти тафтишот вай эътироф кард, ки фармондеҳи ДИ аст. Анваров ният дошт, вориди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад. Вале нагуфт ба кадоме аз ин кишварҳо мехост, ворид шавад", - хабар дод Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ.

Ба гуфтаи вай, дар вилояти Ҷузҷон чанд фармондеҳи саҳроии ДИ ҳузур дорад. "Ба фаъолияти ДИ дар вилояти Ҷузҷон фармондеҳони саҳроии афғон Қорӣ Ҳикмат, Муфтӣ Неъмат ва Шерзод Анваров масъул ҳастанд. Шерзод Анваров дар чанд гоҳи охир севумин ҷангҷӯи ДИ аст, ки боздошт мешавад. Пештар аз ин Муқим ва Хушмуҳаммад - фармондеҳони ДИ боздошт шуда буданд", - гуфт Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ. Расонаҳо менависанд, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷузҷон ҳам ҷангҷӯёни Толибон ва ҳам "Давлати исломӣ" фаъол шудаанд.

XS
SM
MD
LG