Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандаи собиқи Зайд Саидов аз зиндон озод шуд


Наҷмиддин Мукаммилов, ронандаи собиқи Зайд Саидов, ки баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар моҳи сентябри соли 2015 ҳамроҳи чаҳор бародараш боздошт ва баъдан зиндонӣ шуда буд, озод гардидааст. Мукаммилов дар замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов ронандааш буд.

Мақомоти додгоҳ Наҷмиддин Мукаммиловро бар асоси моддаи 347-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хабар надодан аз ҷиноят” айбдор карданд. Онҳо гуфтанд, ки Мукаммилов махфигоҳи ду таппончаи Абдуҳалим Назарзодаро медонист, вале ба мақомот хабар надод. Ӯ бо ин ҷурм соли 2015 ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Аҳлиддин Мукаммилов, яке аз пайвандони Наҷмиддин, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳафтаи гузашта озод гардид ва феълан барои пайдо кардани кор талош дорад. “Ҳамроҳи ман аст ва мехоҳад, коре пайдо кунад, то зиндагии худу фарзандонашро пеш барад. Дар бораи рӯзҳои гузаштааш намехоҳад, сӯҳбат кунад”, - афзуд ӯ.

Наҷмиддин Мукаммилов ҳамроҳ бо ду бародараш -Садриддин ва Муборак охири моҳи октябри соли 2015 дар Душанбе боздошт шуданд, вале Қаноат ва Мирзо - ду бародари дигари ӯ пас аз “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ба Русия фирор карданд. Мирзо Мукаммилов, яке аз ин бародарон ронандаи Ҳоҷӣ Ҳалим буд, ки аз Русия истирдод ва даҳ сол зиндонӣ шуд. Қаноат Мукамиллов, ки даҳ соли зиндон ҳукм гирифта буд, моҳи марти имсол бар асари бемории сил дар зиндон даргузашт.

Субҳи 4-уми сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва постгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG