Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз мақоми аввал дар Олимпиадаи Сочӣ маҳрум шуд


Дар пайи санҷиши Бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочӣ мунтахаби Русия аз мақоми аввал маҳрум шуд. Хабаргузории ТАСС навишт, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ варзишкор Александр Зубковро аз ду медали тиллои ин мусобиқот маҳрум кардааст.

Дар ҳисоби мунтахаби Русия даҳ медали тилло боқӣ монд ва ҳоло ин мунтахаб баъди Норвегия ва Канада дар ҷои севум аст.

Зубков ба истифодаи допинг айбдор шудааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ӯро умрбод аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои олимпӣ маҳрум кард.

Қаблан Кумитаи байналмилалии олимпӣ медали чаҳор варзишгари дигари Русияро бекор карда буд. Онҳо низ ба истифодаи допинг дар ҷараёни Олимпиадаи соли 2013 дар Сочӣ айбдор шуда, барои ҳамеша аз ҳаққи иштирок дар олимпиадаҳо маҳрум гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси миллии зидди допинги 17 кишвари ҷаҳон талаб доранд, ки Русия аз ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи соли 2018 маҳрум шавад. Аммо Маскав ҳамагуна иттиҳомро дар мавриди истифодаи допинг аз тарафи варзишкоронаш рад кардааст.

Масъалаи иштироки мунтахаби Русия дар Бозиҳои олимпии соли 2018 дар оғози моҳи декабри имсол маълум хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG