Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини шаҳри Ваҳдат ҳамсарашро оташ задааст


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки як сокини шаҳри Ваҳдат, бисткилотмерии Душанберо бо гумони куштори ҳамсараш боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 25-уми ноябр гуфтанд, ин мард 47-сола буда, дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ба сару рӯи ҳамсараш бензин рехта, оташ задааст.

Дар Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 26-уми октябри имсол рух дод: “Гумонбар аз сабаби муноқишаи оилавӣ ба сару рӯи ҳамсараш, зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бензин пошида, оташ задааст.”

Дар натиҷа ин зан бо ҷароҳатҳои вазнин бе бемористон бурад шуда, рӯзи 31-уми октябр ҷон додааст.

Ҳоло нисбат ба гумонбар бар асоси моддаи 104, яъне куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG