Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: мушовири пешини Трамп, эҳтимолан, бо додситони махсус ҳамкориро шуруъ кардааст


Мушовири пешини президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн эҳтимолан ҳамкориро бо додситони махсус Роберт Мюллер шуруъ кардааст. Мавзӯъ - таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии ИМА мебошад.

Нашрияи New York Times рӯзи 23 ноябр дар матлабе хабар дод, ки вакилони Флинн дигар ҷузъиёти пажуҳиши Мюлерро бо ҳуқуқшиносони президент Доналд Трамп дар миён намегузоранд. Пештар миёни онҳо дар бораи табодули иттилоъ созиш шуда буд.

Ибтидои моҳи ноябр телевизиони NBC News хабар дод, додситони махсус Роберт Мюллер иттилои кофӣ дар ихтиёр дорад, ки нисбати Майкл Флинн ва писари вай айб эълон кунад. Рӯзноманигорон бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гуруҳи пажуҳишии Мюллер далелҳои пулшӯӣ ва фиреб додани агентҳои федеролиро меомӯзад.

Ба пажуҳиши эҳтимоли робитаҳои ситоди Трамп бо намояндагони Русия ва инчунин дахолати эҳтимолии Москва дар интихоботи президентии ИМА кумитаи махсуси конгресси Амрико, Бюрои федеролии таҳқиқот ва додситони махсус Роберт Мюллер машғул ҳастанд. Мақомоти махсуси Амрико бовар доранд, ки пушти ҳамлаҳои хакерӣ ба сомонаи Ҳизби демократҳо ва тими пешазинтихоботии номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон мақомоти Русия меистанд. Ҳадафи онҳо таъсир расонидан ба рафти интихобот унвон мешавад. Трамп борҳо ин айбҳоро рад кард.

Майкл Флинн дар курсии мушовирии Трамп ҳамагӣ 24 рӯз нишаст ва баъди он ба истеъфо рафт.

XS
SM
MD
LG