Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси сенати Қазоқистон барои Отамбоев "сиҳатӣ" таманно кард


Раиси сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Алмосбек Отамбоев, ки рӯзи 24 ноябр мӯҳлати президентиаш дар Қирғизистон хотима ёфт, "сиҳатӣ" таманно кард. Токаев, ки Отамбоев ӯро ҳафтаи ҷорӣ "хизматгори хоҷа" номид, дар саҳифаи Твиттераш рӯзи ҷумъа навишт, ки дар мавриди Отамбоев "ҳама чиз рушан шуд".

"Дар Викиликс хабари сафири ИМА Янга бо такя ба табибони туркӣ дар бораи бемории равонии Отамбоев ва таваҷҷуҳаш ба машрубот нашр шуд. Акнун ҳама чиз фаҳмо шуд! Ҳоло бояд ба ӯ сиҳатӣ таманно кард", - навишт Токаев.

Отамбоев 15 ноябр гуфт, ки ният надорад, дар робита ба изҳороташ нисбати Остона маъзаратхоҳӣ кунад. Изҳороти пешини Отамбоев боис шуд, ки муносибатҳои Қирғизистону Қазоқистон сард гарданд. Отамбоев президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро "диктатори солхӯрда" номид ва афзуд, ҳавову ҳаваси як нафар Қирғизистонро ба "муҳосира" гирифтор кардааст.

Шаби 15 ноябр Токаев дар Твиттер суханронии Отамбоевро "суханронии хушунатомез бо ҳамлаҳои ифлос" номид. Баъдтар раиси маҷлиси порлумони Қазоқистон изҳороти Отамбоевро "ғалат" унвон кард.

Дар нишасти матбуотии 20 ноябр Отамбоев вокуниши сиёсатмадорони қазоқро "хизматгорони хоҷа" номид, ки ҳозиранд, ҳамаи хоҳишҳои роҳбарро иҷро кунанд.

XS
SM
MD
LG