Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як паёми телевизионӣ сокинони кишварро бо Рӯзи парчами миллӣ шодбош гуфт. Ба эътиқоди Раҳмон, “қабули парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури мардум мазмуну мундариҷаи нав бахшид”. Аз соли 2009 ба ин сӯ дар Тоҷикистон иди нав - рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки бахше аз идҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Мақомот ин ҷашнро рукни дигари тақвияти идеологияи давлатӣ арзёбӣ мекунанд. Дар чорчуби "Рӯзи парчам" дар шаҳри Душанбе аз субҳи барвақт чорабиниҳои ҷашнӣ шурӯъ шуда ва аз соати 6.30 дақиқа дар Наврӯзгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ шуруъ шуданд. Баъдан чорабиниҳои марбут ба дави оммавӣ ва дучархадавонӣ сурат гирифт, ки анбӯҳи зиёди ҷавонон ва сокинони пойтахт ширкат карданд. Масъулони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки чорабиниҳои марбут ба "Рӯзи парчам" то соати 14:00 идома хоҳанд кард.
Масъулон гуфтанд, ки имрӯз қарор аст ба ба беҳтарин варзишкорон ва иштирокдорони ин чорабиниҳо ҷоизаҳо тақдим шавад. Парчами Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар қасри Арбоб дар соли 1992 тасдиқ шудааст. Соли 2011 дар маркази Душанбе милаи 165-метрии парчами миллии Тоҷикистон гузошта шуд, ки давоми се сол тӯлонитарин дар ҷаҳон буд.