Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд конфронси об шурӯъ мешавад


Ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ин кишвар дар ҳамоиши об дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ширкат дорад.

Масъулони вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, киҳамоише ба муносибати таъсиси Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз 24 ноябр баргузор мешавад ва дар кори он намояндагони кишварҳои Омиёи Марказӣ, созмонҳо ва ниҳодҳои минтақавӣ, аз ҷумла Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо ва коршиносону дошинмандон ширкат кунанд.

Ба гуфтаи ин масъулон намояндаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш суханронӣ низ хоҳад кард. Ҳамоиш “25 соли ҳамкории оби кишварҳои Осиёи Марказӣ: таҷриба ва вазифаҳои оянда” ном дорад ва дар чорчуби баргузории он, намоишгоҳи байналмиалилии “Технологияи об ва хоҷагии об - WATER-2017” сурат мегирад, ки имкон медиҳад, то имконот ва зарфиятҳо дар ин соҳа ба намоиш гузошта шаванд. Зимнан, Комиссияи байни давлатӣ дар соҳаи об миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаато созмон ёфтаааст. Ҳадафи ин ниҳод, истифода ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар минтақа мебошад.

XS
SM
MD
LG