Кормандони пулисми вилояти Маскав духтари 6-сола аз Узбакистонро, ки бе ҳамроҳии волидон сайругашт мекард, бо худ бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир, Рухшона – духтари сокини вилояти Бухорои Узбакистон Фирӯза Уткирова дар маркази ноболиғони “Согласие” қарор дорад.
Фирӯза Уткирова тайи чанд рӯзи ахир тавонистааст, танҳо як бор бо духтари худ дар маркази ноболиғон мулоқот кунад.
“Рӯзи 3-юми ноябр Рухшонаро бо писари 19-солаам гузошта, ба бозор рафтам. Вақте дар хона набудам, ба писарам ҳамкоронаш занг задаанд, ки ба кор барояд. Ӯ бо ман тамос гирифта натавонистааст ва хоҳарашро дар хона монда, ба кор рафтааст. Рухшона дарро кушода ба кӯча баромадааст. Ман соати 11:30 ба хона баргаштам, вале кӯдак набуд. Фикр кардам, ки ҳамроҳи бародараш рафтааст. Писарам соати 3 баргашт ва гуфт, хоҳараш бо ӯ набуд. Мо ба пулис муроҷиат кардем, вале ба мо гуфтанд, ки Рухшонаро надидаанд. Дар шуъбаи пулис гуфтанд, ки рӯзи сешанбе биоед. Дар ин вақт ду зан аз маркази ноболиғон омада, хабар доданд, ки духтарам дар дасти онҳост. Ин занҳо гуфтанд, “мо кӯдакро гирифтем. Ӯро латту кӯб кардаанд ва сару рӯяш сиёҳ аст”. Вале ягон нафари мо ба ӯ ҳеч гоҳ даст боло накардаем”, - афзуд Уткирова.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Маскав ба Фирӯза Уткирова гуфтаанд, ки то содир шудани хулосаи комиссия оид ба умури ноболиғон духтари ӯ дар марказ боқӣ хоҳад монд.
Ба гуфтаи Уткирова, дар Маркази ноболиғон нусхаи аслии тамоми ҳуҷҷатҳои кӯдакро гирифтаанд. Кормандони мақомоти умури ноболиғон ба манзили зисти Фирӯза омада, шароити зиндагии ӯро “ғайриқаноатбахш” номидаанд.
Фирӯза Уткирова мегӯяд, ӯ дар яке аз боғчаҳои вилояти Бухоро чанд сол ба ҳайси мураббӣ кор кардааст ва бо вуҷуди ин таҷрибаи корӣ ба ӯ таҳдид кардаанд, ки духтарашро хоҳанд гирифт.