Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Трамп дар бораи Сурия, Украина ва Эрон телефонӣ суҳбат карданд


Раҳбарони Русия ва ИМА -- Владимир Путин ва Доналд Трамп шоми 21 ноябр гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Дар Кохи сафед гуфтанд, ки суҳбати президентҳо ҳудуди як соат идома ёфт. Дар ин гуфтугӯ задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Сурияву Украина, вазъ дар Афғонистону Эрон ва Куриёи Шимолӣ баррасӣ шудааст.

Гуфтугӯи мазкур як рӯз баъд аз мулоқоти Владимир Путин бо президенти Сурия Башор Асад анҷом шуд. Дар Кремл гуфтанд, ки Путин ҳангоми суҳбат бо Трамп тасдиқ кардааст, ки ҷонибдори ислоҳоти конститутсионӣ, баргузории интихоботҳои президентиву порлумонӣ дар Сурия аст.

Москва, Анқара ва Теҳрон гуфтугӯҳои алоҳидаи сулҳи Сурияро дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сарпарастӣ мекунанд, ки дар он тамоми ҷонибҳои даргир иштирок дошта, бештар ба ташкили минтақаҳои амн дар ноҳияҳои калидии ин кишвар равона шудаанд.

Кохи сафед афзуд, ки Трамп ва Путин 21 ноябр мубориза бо терроризмро дар саросари Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ зарур номидаанд. Ҳамчунин ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар мубориза бо гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла "Давлати исломӣ", ал-Қоида ва Толибон хоҳанд омӯхт.

Трамп ва Путин ҳафтаи гузашта дар доираи саммити АТЭС дар Ветнам ғайрирасмӣ бо ҳам суҳбат карда буданд. Вале мулоқоти расмии онҳо баргузор нашуд. Дар Кохи сафед гуфтанд, мулоқоти расмӣ ба далели гуногунии ҷадвали кории президентҳо барпо нагашт.

XS
SM
MD
LG