Сокинони манзилҳои хусусии воқеъ дар маҳаллаи масҷиди "Ҳазрати Имом" дар қисми қадимии шаҳри Тошканд огоҳӣ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд. Қарор аст, ба ҷои манзилҳои онҳо бинои Маркази рушди исломии Узбакистон бунёд шавад.
Як сокини кӯчаи "Заркайнар"-и шаҳри Тошканди қадимӣ бо номи Муяссар рӯзи 20-уми ноябр гуфт, дар ин бобат ибтидои моҳ аз ҳукумати ноҳияи Олмазор огоҳинома гирифтаанд.
"Огоҳинома фиристоданд ва намояндагони ҳукумати ноҳия низ омада, гуфтанд, ба шахсоне, ки намехоҳанд, ба биноҳои баландошёна кӯч банданд, ҷубронпулӣ пардохт мешавад, то манзили дигар харанд. Мегӯянд, биноҳои серошёна дар ноҳияи Сергелӣ ҷойгиранд. Аммо мо талаб дорем, ки дар маркази шаҳр хона диҳанд. Ҳамсояҳо ҳам ба пешниҳоди мақомот розӣ нестанд", - афзуд ӯ.
Яке аз масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Тошканд гуфт, қарор аст, дар қисми қадимии пойтахти Узбакистон ба ҷои хонаҳои тахрибшаванда бинои Маркази рушди исломӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинон хатӣ огоҳӣ гирифтаанд ва бояд хонаҳои худро холӣ кунанд.
Тошканди қадимӣ, ки дар он ноҳияҳои Олмазор ва Шайхонтоҳур ҷойгиранд, сераҳолитарин қисми пойтахти Узбакистон шумурда мешавад. Дар он то ҳол як чанд маҳаллаҳои қадимии ӯзбекӣ ҳифз шудааст.