Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садри аъзами Олмон дар таъсиси ҳукумати эътилофӣ ноком шуд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел

Рӯзи якшанбеи 19 ноябр талошҳои Ангела Меркел, садри аъзами Олмон барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ бо иштироки се ҳизб- Демократҳои масеҳӣ, ҳизби Сабзҳо ва ҳизби Демократҳои озод ба нокомӣ анҷомид.

Кристиан Линдер, раиси ҳизби Демократҳои озод гуфт, ки музокирот, бинобар ҳосил нашудани эътимод дар байни тарафҳо, ноком шуд.

Меркел аз хуруҷи ҳизби Демократҳои озод аз музокирот изҳори таассуф кард.

Меркел гуфт, ки нимаи дуюми рӯзи 20 нобяр бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот мекунад ва вазъиятро шарҳ медиҳад.

Ҳизби марказу чапгарои Сотсиал Демократ таъсиси эътилоф бо Меркелро рад кард. Худи Меркел гуфт, намехоҳад ба ҳукумати эътилофии иборат аз ақалиятҳо раҳбарӣ кунад ва эҳтимоли баргузории интихоботи навро матраҳ кард.

Штайнмайер аз ҳақи даъвати интихобот бархурдор аст, аммо баъзе раҳбарои Олмон аз ин нигарон шудаанд, ки бо интихоботи нав ҳизби ростгарои "Алтернативаи Олмон" метавонад бештар аз 13, ки дар интихоботи гузашта соҳиб шуд, рақам биёрад.

XS
SM
MD
LG