Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷӣ: иштибоҳи аслии Путин - "ӯ одамони оддиро фаромӯш кард"


Владимир Путин
Владимир Путин

Русиягиҳо камбудии аслии Владимир Путин, президенти кишварашонро "набуди муроқибат аз одамони оддӣ" унвон карданд. Ба гуфтаи Маркази назарсанҷии "Левада-Центр", 15 дар сади пурсидашудаҳо дар бораи Путин ҳамин ақидаро доранд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 20 ноябр гузориш дод. Ба ақидаи 10 дар сади дигар, Путин "дар баробари вазиронаш нармрафторӣ мекунад" ва таҳти нуфӯзи онҳо қарор дорад. Ҳафт дар сад аз ин норозӣ ҳастанд, ки президент "бо фасодкорӣ мубориза намебарад ва дуздҳоро дар атрфаш ҷамъ кардааст".

Бар поияи ин пурсиш, 6 дар сад Путинро барои маошҳои паст, 5 дар сад барои пургӯӣ ва се дар сад барои худкомагӣ танқид карданд. Ҳамзамон 20 дар сад гуфтанд, ки Путин ягон камбудӣ надорад.

Дар байни сифатҳое, ки пурсидашудаҳо ба Путин нисбат доданд, "қотеият ва мардонагӣ", бо сиёсати хориҷӣ ва ҳимояи Русия аз Ғарб дар ҷойи аввал қарор доранд. Ватанпарастии президентро танҳо 4 дар сад зикр кард.

"Левада-Центр" ҳамчунин баҳои солона ба фаъолияти Путинро нашр кард, ки аз рӯи ҷадвали 1даҳбалӣ ҷойи 7-умро дорад. Ин рақам аз соли 2014 ба ҳисоби миёна дигар нашудааст.

XS
SM
MD
LG