Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия фармондеҳи Сипоҳи посдорон кушта шуд


Ба иттилои расонаҳои Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Хайруллоҳ Самадӣ дар Сурия кушта шудааст. Нухбагони қувваҳои мусаллаҳи Эрон барои ҳимояти президент Башор Асад дар шароити ҷанги шаҳрвандии шашсола дар Сурия қарор доранд.

Фармондеҳи эронӣ дар натиҷаи як задухӯрд бо ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ҷон бохтааст. Хабаргузории эронии Fars 19 ноябр хабар дод, ки Самадӣ 16 ноябр дар ҷангҳои шаҳри Абу Камоли Сурия, дар наздикии марзи Эрон кушта шуд.

Бунёди эронии хотираи шаҳидон моҳи ноябри соли 2016 хабар дод, ки дар ҷангҳои Сурия беш аз як ҳазор "ҷанговар"-и Теҳрон ҷон бохтаанд. Миёни онҳо фармондеҳони баландпоя низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG