Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се вазир сарнавишти Сурияро баррасӣ карданд


Вазирони умури хориҷии Туркияву Русия ва Эрон дар шаҳри Анталияи Туркия дар бораи роҳҳои хатми ҷанги дохилии тӯлонӣ дар Сурия гуфтӯгу кардаанд.

Мулоқоти паси дарҳои бастаи Мавлуд Човушоғлу, Сергей Лавров ва Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 19-уми ноябр сурат гирифт. Сергей Лавров баъди ин мулоқот гуфтааст, ки гуфтӯгу бисёр “судманд” буд ва афзудааст, тарафҳо “дар тамоми масоили калидӣ ба мувофиқа расиданд.”

Сергей Лавров ҷузъиёти масоилро шарҳ надодааст, вале гуфтааст, ки фармондеҳони артиши Эрону Туркия ва Русия қабл аз мулоқоти раҳбарони се кишвар гуфтӯгу хоҳанд дошт. Қарор аст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 22-уми ноябр дар шаҳри Сочӣ гуфтӯгу кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ин мулоқот масъалаи коҳиши ҷангу хунрезӣ дар Сурия ва масоили ирсоли кӯмакҳои башарӣ баррасӣ мешавад. Русия ва Эрон дар ҷанги Сурия тарафдори Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд. Дар ин ҷанг, ки тақрибан 6 сол аст идома дорад, бештар 330 ҳазор нафар кушта шудаанд ва миллионҳо хонаводаи дигар бехонумон гаштаанд.

XS
SM
MD
LG