Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина Ҷавелин медиҳад


Мушаки зиддитонкии Ҷавелин
Мушаки зиддитонкии Ҷавелин

Шӯрои амнияти миллии Амрико мумкин аст, ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп тавсия бидиҳад, ки ба Украина барои харидани аслиҳа ҷиҳати тақвияти артиши кишвар кӯмаки молӣ расонад. Дар ин бора телевизиони АВС-и Амрико рӯзи 18-уми ноябр хабар дод.

Телевизион бо такя ба манобеи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки қарор дар бораи ихтисоси 47 миллион доллар барои Украина рӯзи сешанбеи гузашта аз тарафи Шӯрои амнияти миллӣ ва мушовирони наздики Доналд Трамп қабул шудааст.

Сухан дар бораи системаи зиддитанкии Ҷавелин меравад, ки ҳар як донаи он 126 ҳазор доллар қимат дорад. Як тири он 78 ҳазор доллар будааст. Ҳаргуна қарор дар бораи фурӯши аслиҳа ба Украинаро бояд Конгресси Амрико ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп имзо кунанд. Нерӯҳои Украина айни замон бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина меҷанганд.

XS
SM
MD
LG