Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боз як пешниҳоди Шӯрои амнияти СММ-ро рад кард


Русия рӯзи 17-уми ноябр боз як пешниҳоди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро дар робита ба таҳқиқоти истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия рад кард. Чунин мавқеъгирии Маскав боис шуд, то маъмурияти муштараки Созмони Милали Муттаҳид ва Идораи манъи густариши силоҳи кимиёвӣ кори худро қатъ намояд. Муҳлати ин маъмурият субҳи 18-уми ноябр ба поён расид.

Ҷопон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал пешниҳод карда буд, ки маъмурияти муштарак то як моҳи дигар корашро идома бидиҳад. Аммо Русия аз ҳаққи ветои худ дар ин маврид истифода намуд ва монеи идомаи кори гурӯҳи бозрасон шуд.

Маскав як рӯз пеш аз ин пешниҳоди Амрико барои тамдиди яксолаи маъмурияти гурӯҳи таҳқиқотии муштаракро дар ин маврид напазируфта буд.

Русия аз оғози ҷанги Сурия дар соли 2011 ба ин тараф 11 бор қатъномаҳои Шӯрои амниятро дар иртибот ба ҷанги дохилии Сурия рад намудааст.

XS
SM
MD
LG