Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили курсҳои омӯзиши Қуръон дар 11 таълимгоҳи Узбакистон


Раҳбари Идораи мусулмонони Узбакистон Усмонхон Олимов дастур додааст, ки дар назди тамоми муассисаҳои таълимии динии ин кишвар курсҳои омӯзиши китоби Қуръон, таҷвид ва забони арабӣ ташкил карда шавад. Ин давраҳои омӯзишӣ шашмоҳа ва пулакӣ буда, маблағи таҳсил 1 миллион сӯм ($123)-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини раҳбари идора шайх Абдулазиз Мансур, ин гуна давраҳои омӯзишӣ дар 11 муассисаи таълимии Узбакистон ташкил шуда, аз 1 декабри соли равон беш аз 700 нафар метавонанд дар онҳо китоби Қуръон, таҷвид ва забони арабиро омӯзанд.

Бо фармони раҳбарияти Идораи мусалмонони Узбакистон, курсҳои омӯзишии мазкур дар 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи динӣ, 1 мадраса, 1 донишкада ва 1 донишгоҳи он кишвар кистон ташкил хоҳанд шуд. Шайх Абдулазиз Мансур мегӯяд, ин тасмим дар пайи муроҷиати зиёди сокинон ба ин ниҳод, гирифта шуд.

"Дар фармон синни донишомӯзон муайян карда нашудааст. Вале ин курсҳо барои қишри калонсол аст. Калонсолони мо солҳои дароз ба идора муроҷиат мекарданд ва мо ҳам тасмим гирифтем, ки дархости онҳоро қабул кунем", - афзуд ӯ. Қонунгузории Узбакистон омӯзиши диниро бо роҳи хусусӣ манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG