Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаҳбони зиндон барои таҷовуз ба номуси маҳбус аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи низомии Қазоқистон
Додгоҳи низомии Қазоқистон

Додгоҳе дар Қазоқистон нигаҳбони маҳбас Эрмек Омарбековро аз рӯи парванди пурсарусадои таҷовуз ба номус дар маҳбас, ба муддати панҷ сол равонаи зиндон кард.

Рӯзи 15 ноябр додгоҳи ноҳияи Турксиби Аламато Омарбековро дар заминаи иттиҳоми суиистифода аз мансаб ва хунукназарӣ, муҷрим эълон кард.

Қурбонии таҷовуз, зиндонии собиқ Наталя Слекишина баъди эълони ҳукм ба хабарнигорон гуфт, ӯ дар ҳоле комилан қонеъ мешавад, ки "агар ҳамаи онҳое, ки ӯро таҷовуз кардаанд, дар курсии абдорӣ нишинанд".

Наталя Слекишина, ки дар маҳбас духтар таваллуд кард, алайҳи якчанд нигаҳбони боздоштгоҳи Алмато бо иттиҳоми таҷовузи дастаҷамъона ба додгоҳ шикоят бурд.

Моҳи сентябри соли 2016 додгоҳ Руслан Ҳакимов, корманди пешини маҳбаси Алмааторо барои таҷовуз ба номуси зиндонӣ Наталя Слекишина ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Озмоиши ДНК нишон дод, ки Руслан Ҳакимов падари кӯдаки Слекшина аст. Бар пояи қарори додгоҳ, Ҳакимов аз рутбаи майори адлия ва ҳаққи хизмат дар ниҳодҳои давлатӣ якумрӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG