Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён дар Зимбабве президент Мугаберо боздошт карданд


Роберт Мугабе
Роберт Мугабе

Низомиён дар Зимбабве раиси ҷумҳур Роберт Мугаберо таҳти боздошт қарор доданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 15-уми ноябр гузориш дод. Пеш аз ин, низомиён вазири молияро боздошт карда, бинои телевизионро таҳти назорат гирифтанд. Бо ин ҳама онҳо ҳамзамон мегӯянд, ки ин табаддулоти давлатӣ нест ва амнияти Мугабе ва хонаводааш таъмин аст.

Сухангӯи артиши Зимбабве генерал-майор Мойо баъд аз таҳти назорат гирифтани телевизиони давлатӣ дар Ҳараре дар муроҷиат ба мардуми кишвар гуфт: "Аввалан мехоҳем ба Шумо итминон бидиҳем, ки Ҷаноби Олӣ, раиси ҷумҳури Зимбабве ва сарфармондеҳи нерӯҳои кишвар рафиқ Роберт Мугабе ва хонаводаи ӯ дар амният ба сар мебаранд. Таҳти ҳимоят қарор доранд. Мо танҳо ҷинояткорони атрофи ӯро ҳадаф қарор медиҳем, ки ҷиноят содир кардаанд ва кишварро ба азиятҳои иҷитимоиву иқтисодӣ гирифтор намудаанд. Мо мехоҳем, онҳоро ба додгоҳ бикашем. Баробари ба поён расондани ин рисолат вазъияти кишвар ба ҳолати маъмулӣ бармегардад."

Ба гуфтаи матбуоти маҳаллӣ, Роберт Мугабе, ки аз соли 1980 зимоми қудрат дар Зимбабверо дар даст дорад, барои истеъфо омодагӣ мегирад ва ӯро дар ин мақом на Эммерсон Мнангагва - ноиби президент, балки ҳамсари Мугабе - Грейс Мугабе иваз мекунад.

Низомиён кӯчаҳои Ҳараре, пойтахти Зимбабверо таҳти назорат гирифтанд. 15-уми ноябри соли 2017
Низомиён кӯчаҳои Ҳараре, пойтахти Зимбабверо таҳти назорат гирифтанд. 15-уми ноябри соли 2017

Ҳафтаи гузашта Роберт Мугабе Эммерсон Мнангагваро аз мақом сабукдӯш ва ӯро ба омода кардани табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Мнангагва аз пуштибонии артиш бархӯрдор аст. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Зимбабве гуфт, ки барои хотима додан ба бӯҳрон, омода аст, ба вазъият "дахолат" кунад.

Шаби гузашта садои таркиш ва тирпарронӣ дар Ҳараре, аз ҷумла дар наздикии маҳалли иқомати Мугабе шунида мешуд. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ҳаракати тонку зиреҳпӯшҳо дар шаҳр ба мушоҳида мерасад.

Сафорати Амрико ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида тавсия додааст, ки дар ин "шароити номуайянӣ" аз хонаҳояшон берун нараванд.

XS
SM
MD
LG