Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ва Русия ҳамкориро барои ҳалли буҳрони Сурия идома медиҳанд


Туркия ва Русия ба созиш расиданд, ки сари ҳалли сиёсии буҳрони Сурия тамаркуз хоҳанд кард. Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон рӯзи душанбе, баъди дидору гуфтугӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ хабар дод.

Эрдуғон изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ҳоли ҳозир, Туркия ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад, вале хост, маҳдудиятҳои ахир дар тиҷорати дуҷонибаи кишварҳо бекор карда шаванд.

Владимир Путин баъди дидор бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон гуфт, ки Москва ва Анқара нахустин чархаи нирӯгоҳи ҳастаии "Аккую"-ро соли 2023 ба кор медароранд. Ба гуфтаи Путин, ширкати давлатии "Росатом"-и Русия рӯзҳои наздик корро дар майдони "Аккую" оғоз хоҳад кард.

Путин пеш аз мулоқот бо Эрдуғон изҳор дошт, ки муносибатҳои Русияву Туркияро метавон пурра барқароршуда номид. Ӯ афзуд, ки агар ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар дар соли гузашта 30% поин рафта бошад, тайи 9 моҳи соли равон 38% афзоиш ёфтааст. Путин гуфт, Русия ва Туркия ҳамкориҳои зичро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла амният ва ҳалли низои Сурия идома хоҳанд дод.

Президенти Туркия баъди изҳороти муштараки раҳбарони ИМА ва Русия -- Владимир Путин ва Доналд Трамп, ки гуфтанд, низои Сурия роҳҳали низомӣ надорад, ба Москва ва Вашингтон пешниҳод кард, ки низомиёни худро аз ин кишвар берун баранд. Ин пешниҳодро Эрдуғон рӯзи душанбе, пеш аз парвоз ба Русия кард.

XS
SM
MD
LG