Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз Баҳрайн хост, "кӯдакбозӣ"-ро бас кунад


Баҳром Қосимӣ

Эрон иддаҳо дар бораи даст доштан дар таркиши як лӯлаи бузурги нафт дар Баҳрайнро “кӯдакона ва беасос” номид. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 12-уми ноябр дар шаҳри Теҳрон гуфт, мақомоти баҳрайнӣ бояд бидонанд, ки “ замони ингуна иттиҳомзаниҳои кӯдакона ба сар омадааст.”

Аз ин пештар Шайх Рашид Абдулло ал-Халифа, вазири умури дохилии Баҳрайн гуфт, таркиш дар лӯлаи бузурги нафт дар наздики деҳаи Бурӣ дар рӯзи 10-уми ноябр, “амали хатарноки террористӣ” буд. Ба гуфтаи ӯ, амалҳои террористие, ки вақтҳои ахир Баҳрайн шоҳид шудааст, “аз тариқи тамосҳои мустақим ва ё дастурҳои Эрон” сурат гирифтаанд.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти таркиш дар лӯлаи нафтро бар дӯш нагирифтааст. Баҳрайн як кишвари умдатан шианишин аст, ки аз тарафи амирони суннимазҳаб идора мешавад. Ҳукумати Баҳрайн Эронро ба барангехтани танишҳо дар кишвар муттаҳам мекунад, иддаое, ки Эрон пайваста рад кардааст.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG